18 октябри соли 2026 дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар иҷлосия Сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай маросими баимзорасонии «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи назорати миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин» доир гардид.
Чорабинӣ дар шароити тантанавӣ сурат гирифта, санади ҳамкорӣ аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин — Ма Ҷоасюй ба имзо расонида шуд.
Баимзорасонии Ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвият бахшидани фаъолият миёни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ



