Аз 26 то 29 октябри соли 2026 дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Албания 16 — умин ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дар рафти он масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, истифодаи криптоасъорҳо дар муомилоти молиявӣ ва роҳҳои ошкору пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён атрофи зарурати такмили механизмҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласа ин фароҳам овардани заминаи мусоид барои табодули таҷриба ва донишҳои пешқадам, баррасии мушкилоту ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гашта, дар назар аст, ки натиҷаҳои барои барои баланд бардоштани донишу таҷрибаи масъулини мақомот дар ин самтҳо таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Маркази матбуоти Агентӣ



