Имрӯз, 11-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат таҳлил ва баррасӣ гардид.
Махсусан, ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.



