Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор, аз ҷониби кормандони Шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Расулов Расулҷон, сокини 33-солаи ноҳияи Нуробод дастгир карда шуд.
Номбурда дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия мунтазам ба шиканҷа ва латукӯби муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул будааст.
Аз ҷумла, се маротиба сӯиқасд ба куштори шаҳрванд Ношиноси Н. сокини 33-солаи н.Панҷ намуда, ӯро тавассути таппончаи осебрасон (травматик) парондааст, ки дар натиҷа тир ба ду нафар шаҳрвандони дигари тоҷик расида, ба онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ин, нисбати Расулов Р. аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаҳои 32 қисми 4 ва 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шаҳрвандоне, ки мавриди шиканҷа ва ҷабри гумонбаршаванда Расулов Р. қарор гирифтаанд, метавонанд тавассути рақамҳои 222-90-90 ва 222-24-36 ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе муроҷиат намоянд.