10-уми ноябри 2026 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи бистуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок ва оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонии мақомот, дастовардҳо дар самти адлия дар фазои Иттиҳод ва рушди институти пробатсия суханронӣ намуд.
Ҷаласаи бистуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — вазири адлияи Ҷумҳурии Арманистон Сбруи Галян баргузор шуд. Дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус (дар шакли маҷозӣ), муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири адлияи Федератсияи Россия, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовини якуми котиби генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ, зуҳури чолишҳои нав дар соҳаи амнияти киберӣ, инчунин зарурати таъмини рушди устувор вокуниши саривақтии ҳуқуқӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкориро тақозо менамоянд. Дар чунин шароит аҳаммияти ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои давлатии ҳуқуқӣ, рушди адолати судии электронӣ, такмили механизмҳои мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқии технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои муосир меафзояд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар доираи Шурои мазкур Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расонида шуд.
Тибқи қарори Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 октябри соли 2024, №9 соли 2027 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд. Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар чаласаи мазкур нишонаи (логотипи) “Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти фаъолияти нотариалӣ таҳия гардид, муаррифӣ намуд.
Бо қарорҳои Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ рамзи Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нишонаи (логотип) “Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027” ва Нақшаи чорабиниҳои асосии Шурои вазирони адлияи давлаҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2027 тасдиқ карда шуд. Инчунин қарор дар бораи таъсис додани Шурои методии мақомоти САҲШ дар назди Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки рӯзномаи фарогири ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ гувоҳи он аст, ки Шурои вазирони адлия минбаъд низ ҳамчун ниҳоди густаришдиҳанда ва таҳкимгари ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар фазои Иттиҳод боқӣ монда, самтҳои афзалиятноки он таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони давлатҳои иштирокдори ИДМ хоҳад буд.



