Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегӯям.
Фаъолияти бисёрсола ва фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навини давлатдории тоҷикон мақоми хосса дорад.
Роҳбарии кишвар дар марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ, андешидани тадбирҳои муассир барои рафъи буҳрони сиёсӣ, фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ чун ҳифзи давлат, ҳастии миллат, фарҳанг, забон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург касб намуд.
Натиҷаи талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯзҳо рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, баланд гардидани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва шароити арзандаи зиндагӣ ба шаҳрвандон ба равшанӣ эҳсос мегардад.
Бори дигар тамоми сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, файзу баракат ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборак бошад, ҳамватанони азиз



