Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсиррасон ба маърифати насли наврас» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори он Бобозода Меҳроҷиддин, сардори Раёсати мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои фаъолияти интеллектуалӣ дар мавзӯи «Афзалиятҳои стратегии Ҳукумат дар самти зеҳни сунъӣ» баромад намуд. Ба таъкиди номбурда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун ҷузъи муҳими иқтисоди рақамӣ ва таҳкими иқтидори илмиву зеҳнии кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ҷараёни мизи гирд инчунин масъалаҳои вобаста ба таъсири зеҳни сунъӣ ба рушди маърифатии насли наврас, зарурати баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва омода кардани кадрҳои миллӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дилнозаи Абдумалик
радиои «Овози тоҷик»



