Имрӯз, 9 декабр раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин Рустам Латифзода бо Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон , дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти парлумон, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими робитаҳои байнипарлумонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбад.