
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар кишвари Сурия кумаки башардӯстона фиристода мешавад. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти хабарӣ иброз намуд, хабар дод хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Ризвонов Тоҷиддин.
«Кумаки башардӯстона рузҳои наздик иборат аз 50 тон хурока ва дигар маводҳои ниёзи аввалия, либосҳои зимистона, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ ба ин кишвар равон карда мешавад»,- гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, дастрас карда шуд.