
Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар соли 2022 81 анҷумани иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор намуданд. Дар онҳо беш аз 6 ҳазор соҳибкору сармоягузор ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. Ин нуктаро имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Ба зикри номбурда, дар натиҷаи он чорабиниҳо беш аз 300 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
«Ҳамин тартиб беш аз 1100 нафар соҳибкорони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ, шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имкониятҳои иқтисодиву саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон шинос шуданд»,- гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Тоҷиддин Ризвонов
Радиои «Овози тоҷик»