
Боқимондаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонида мешаванд. Ин масъала дар меҳвари таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, нисбат ба он дар ҳамкорӣ бо намояндагони ин кишварҳо корбарӣ шуда истодааст.
Тавре ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон ироз намуд, соли гузашта 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд ва дар ин бора супориши махсус ва қотеъонаи Роҳбари давлат ҳаст ки мо бояд ҳамаи шаҳрвандони кишварро аз Ироқу Сурия ба ватан баргардонем.
“Баъзе монеаҳое дар ҳуҷҷҷатгузории онҳо ҳастанд, ки ба тарафи ҷониби кишвари дуюм вобастаги дорад, аммо мо тамоми кушиши худро барои баргардонидани онҳо равона карда истодаем”-, гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.