Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо намояндаи махсуси дабири кулли СММ, роҳбари навтаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамсуҳбатон перомуни дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, ва инчунин масоили обу иқлим, пойдории сулҳу бехатарии минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон мубдоилаи афкор намуданд.
Инчунин зимни мулоқот аҳаммият ва зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишвар бо UNRCCA дар доираи “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” қайд карда шуд.