Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди Ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷ.Т. барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, инчунин фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 баргузор гардида, дар омодагии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷаласа таҳти раҳбарии Муовини Сарвазири Ҷ.Т. Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор шуда , дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудию мушкилҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захираҳои маводи сухт, захираи маводи озуқавори ва зиди лағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Фарзона Сафарзода