Санаи 22 июни соли 2026 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) ширкат варзида, роҷеъ ба аҳамияти сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ, инчунин татбиқи Барномаи амали Аваза суханронӣ намуд. Зимни ҷаласа шурӯъ аз 1 июли соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати як сол ҳамчун ҳамоҳангсози гурӯҳи мазкур интихоб гардид, ки дар он 32 кишвар аъзо мебошанд. Иқдоми мазкур ба муаррифӣ ва баланд бардоштани обру ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пешбурди манфиатҳои миллӣ, рушди иқтидорҳои нақлиётию транзитӣ ва таҳкиму густариши ҳамкориҳо мусоидат менамояд.



