«Волоҳазрат,
Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари садамаи техникӣ дар маҷмааи коркарди газ дар минтақаи саноатии “Рас-Лаффан”-и Давлати Қатар боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо ва мардуми дӯсти Қатар изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд барои пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».



