17–19 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия, ки ҳамасола дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ, амният ва ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар доираи Форуми дипломатии Анталия Фаррух Шарифзода дар ҷаласаҳои сатҳи баланд иштирок намуд. Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ якчанд мулоқоти дуҷониба бо намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»



