Дар шаҳри Душанбе Конфронси якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии рушд бо тамаркуз ба мониторинг ва арзебӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Чорабинӣ аз 27 то 29 апрели соли 2026 дар меҳмонхонаи “Crown Plaza” баргузор гардида, мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро гирд овардааст. Мавзӯи асосии конфронс «Банақшагирии стратегӣ: низоми мониторинг ва арзёбӣ дар Тоҷикистон» буда, ба баррасии масъалаҳои калидии идоракунии самараноки барномаҳои давлатӣ бахшида шудааст. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми мониторинг ва арзёбӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.
Интизор меравад, ки дар анҷоми конфронс пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас барои такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ироа гардида, барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии рушд заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Дилнозаи Аблумалик
Радиои “Овози тоҷик”



