14 майи соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир — роҳбари Котиботи Конфронс Сано Бойзода брифинг баргузор гардид, ки ба омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 (25–28 майи соли 2026, Душанбе) бахшида шуд.
Дар ҷараёни брифинг ба роҳбарони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, намояндагони мақомоти давлатӣ, инчунин воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ маълумоти муфассал дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми обии Душанбе пешниҳод гардид.



