14 майи соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар қароргоҳи Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Эр-Риёз семинари муштарак оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор гардид. Баргузории конфронси мазкур рӯзҳои 25–28 майи соли 2026 дар Душанбе дар назар аст.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатии Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Эр-Риёз, аз ҷумла роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об, инчунин намояндагони доираҳои коршиносӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари мизбон иштирок намуданд.



