
«Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва рушди марҳалаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол»-асари навбатии Пешвои миллат аст, ки имрӯз дар бинои марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Нахуст муовини аввали ҳизб Маликшо Неъматзода дар мавриди асар ва нуктаҳои муҳими он ба ҳозирон маълумот пешниҳод намуд. Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти АМИТ, Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагон ва дигарон дар робита ба аҳамияти ин асар изҳори назар карданд. Китоби мазкур суханрониҳои Президенти кишвар дар анҷуманҳои ҳизбӣ ва дидору суханронӣ бо фаъолони кишварро аз соли 1998, яъне аз интихоби Пешвои миллат ҳамчун раиси Ҳизби халқии демократӣ то соли 2025 дарбар мегирад. Ин асар барои кормандони ҳизбӣ, олимону коршиносон ва ҷомеаи китобхон маводи хонданӣ ва пажуҳишии хубе буда метавонад.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик



