Рӯзҳои 24–25 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бори аввал панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) баргузор мегардад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe аз ҷониби Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён хоҳад гирифт.
CAPIF-5 намояндагони ҷомеаи интернетӣ, провайдерони хизматрасонии интернет, операторони шабака, нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет, намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои танзимкунанда, инчунин коршиносони техникиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо гирд меорад. Дар ҷараёни форум масъалаҳои рушди инфрасохтори интернет, таҳкими пайвастшавии рақамӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Баргузории ин чорабинӣ дар Тоҷикистон барои муаррифии имкониятҳои соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии кишвар ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни мутахассисони соҳа имконияти хуб фароҳам меорад.
Иштирок дар CAPIF-5 ройгон буда, хоҳишмандон бояд пешакӣ аз қайд гузаранд. Ҳамаи мутахассисон, намояндагони ширкатҳои соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, операторон, провайдерони интернет, намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор метавонанд барои иштирок дар форум сабти ном шаванд. Дар арафаи чорабинӣ инчунин курсҳои омӯзишии техникии RIPE NCC баргузор мешаванд.
Барои иштирок ва гирифтани маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба саҳифаи расмии чорабинӣ муроҷиат намоянд: https://www.ripe.net/s/capif-5
Барнома:
https://www.ripe.net/s/capif-5/agenda
Тамос барои ВАО:
press@ripe.net



