25 августи соли 2026 дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокҳолм муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар чорабинии «Пайванди Конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028» иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ, Саноӣ Бойзода таъкид намуд, ки Конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 бояд ҳамчун як раванди ягона ва пайвастаи глобалӣ баррасӣ шаванд. Ӯ таъкид намуд, ки ин раванд бояд аз қабули уҳдадориҳо ба татбиқи амалии онҳо ва аз татбиқ ба натиҷаҳои мушаххасу ченшаванда гузарад. Дар ин замина, зикр гардид, ки Конфронси СММ оид ба об дар соли 2026 дар Абу-Даби бояд ба татбиқи босуръати Рӯзномаи амал оид ба об (Water Action Agenda) тавассути ҷалби бештари маблағгузорӣ, истифодаи технологияҳо, таҳкими шарикӣ ва ҳисоботдиҳӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Конфронси СММ оид ба об дар соли 2028 дар Душанбе бояд на танҳо натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро ҷамъбаст намояд, балки барои муайян намудани самтҳои ояндаи рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 замина гузорад.
Дар ин робита, ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба Чаҳорчӯбаи оби Душанбе (Dushanbe Water Framework) ишора гардид. Ҳадафи ташаббуси мазкур таъмини пайвастагӣ ва ҳамоҳангии бештари равандҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, инчунин таҳкими ҳамкории амалӣ ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас мебошад.



