27 августи соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Агаси Арутюнянро ба муносибати супоридани эътимоднома қабул кард.
Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ табодули назар намуда, мавзуоти марбут ба чорабиниҳои байналмилалии дарпешистодаро матраҳ намуданд.



