
22 сентябри соли 2026 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо вазири нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия Абдулқодир Уралоғу (Abdulkadir Uraloğlu) мулоқот намуд.
Зимни мулоқот мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти соҳаҳои стратегию муҳими нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалӣ ва логистика баррасӣ намуда, ба муҳимияти таҳкими робитаҳои мустақим ва афзоиши муколама миёни сохторҳои соҳавии ҳар ду кишвар таъкид сохтанд.
Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки роҳандозии чорабиниҳои муштараки соҳавӣ, фаъол гардонидани мубодилаи ҳайатҳои корӣ ва табодули пайвастаи иттилоот дар хусуси имкониятҳову иқтидорҳои логистикии ду кишварро идома диҳанд.



