Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти пешбурди фарҳанги сулҳ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби ҷавонон ба равандҳои сулҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036-ро таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар соли 2027 ҷиҳати оғози расмии даҳсола иброз намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба чунин қарор омаданд, ки дар тадорукоти Конфронси мазкур ин ду сохтори СММ якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммизбонӣ хоҳанд кард. Инчунин дар вохӯрӣ нақшаҳои ояндаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ баррасӣ гардид.



