12 октябри соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сардори дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон Дениз Люти Кришан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, содагардонии расмиёти савдо, сармоягузорӣ ба соҳаҳои мухталифи кишвар, бахусус ба инфрасохтори сайёҳиро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳор намуданд.



