19 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки ба мақсади иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “C5+1” дар шаҳри Самарқанд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин, дурнамои таҳкими баъдии ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аҳаммияти густариши пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.



