19 октябри соли 2026 намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим аз экспозитсияи намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» боздид намуда, ба сатҳи омодагии он ба маросими ифтитоҳ шинос гардиданд.
Ифтитоҳи расмии намоиш 20 октябри соли 2026 дар назар гирифта шудааст. Дар он 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ аз фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ин ёдгориҳо бозгӯйи таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддунии халқи тоҷик буда, барои муаррифии арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос доранд.
Баргузории чунин намоишҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, густариши ҳамкориҳои осорхонавӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.



