Ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода дар намоишгоҳи XII байналмилалии “Иннопром-2022”, ки 4 июл, дар шаҳри Екатеринбурги Россия оғоз гардид, иштирок доранд. Намоишгоҳ дар мавзӯи “Гузариши саноатӣ: аз мушкилот то имкониятҳои навин” доир шуда, чаҳор рӯз давом мекунад. Дар он ҳудуди 500 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчунин директори Агентии содироти Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Қурбоналӣ Қурбонзода ва соҳибкорони ватанӣ аз бахшҳои мухталифи фаъолият иштирок доранд.
Акрам Сулаймонзода зимни муаррифии имкониятҳои вилояти Хатлон дар вохӯриҳои рӯзи аввали намоишгоҳ гуфт, ки маҳз дар ҳамин минтақаи мамлакат калонтарин комплекси неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар вилояти Хатлон саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, электротехникӣ ва коркарди металл, инчунин истихроҷи газ, нафт ва намаки сангӣ рушд кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки намоишгоҳи байналмилалии “Иннопром” дар Екатеринбург аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузор шуда, ба калонтарин платформаи муттаҳидсозандаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ мубаддал гаштааст. Дар он ҳазорон нафар мутахассисони соҳаи саноат ва технология, инчунин намояндагони доираҳои экспертии даҳҳо мамолики ҷаҳон ҷамъ омадаанд.