Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Президенти “Open International Dialogue”, Мудири минтақавии Иттиҳодияи соҳибкории миёнаи озоди Берлин (Liberaler Mittelstand Berlin) Кристиан Гроссе мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, зимни вохӯрӣ масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои баъдӣ миёни доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон оид ба дурнамои рушди муносибатҳо бо “Open International Dialogue” ва Иттиҳодияи соҳибкории миёнаи озоди Берлин дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои танзими чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳамчунин танзими сафарҳои мутақобилаи соҳибкорони ду кишвар иқдом хоҳанд кард.