
Дирӯз муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел вохӯрӣ доир намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази машваратии Барномаи рушди СММ, дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самти тақвияти фаъолияти котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммалсозии низоми мониторинг ва арзёбӣ, ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор бо ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла барномаҳои сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ идома дода мешавад.
Дар интиҳо ҳарду ҷониб омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.