Дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Инъикоси НБО Роғун дар асарҳои бадеӣ» бо иштироки доираи васеи шоирону нависандагони номвари кишвар баргузор гардид.
Ба иттилои Дилнозаи Абдумалик, хабарнигори радиои «Овози тоҷик», чорабиниро раиси ИНТ Низом Қосим оғоз бахшида, дар мавриди аҳамияти ин сохтмони аср барои ояндаи Тоҷикистон суҳбат кард.
“ Асарҳое, ки дар ин мавзӯъ офарида мешаванд, бояд тазодҳо, рангорангӣ ва мазмуну образҳои барҷаста дошта бошанд. Одами зинда дар он амал кунад, мардумро бо шукӯҳи Роғун ошно кунад. Таъкиду ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин масъалаҳоро фаро мегирад”, — афзуд Низом Қосим.
Хабардор будани адибон аз табиати Роғун, аз корномаҳои мутахассисони дохиливу хориҷӣ, бахусус меҳнаткашони ватанӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Низом Қосим дар идома зикр намуд, ки ҳамкории адибонро бо воситаҳои ахбори омма бояд тақвият бахшида, аҳли қалам бояд мавқеи худро мушаххас кунанд ва халқро бо ҷараёни бунёдкориҳои Тоҷикистон зуд — зуд ошно созанд.
Мудири бахши очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагон Ҷумъа Қуддус маърӯзаи худро ба масъалаи бозкушоии мавзӯъ, амиқтар омӯхтани ин иншооти барои давлату Ҳукумат муҳим бахшид.
Адибони бедори тоҷик ҳамовозӣ аз он карданд, ки воқеан ҳам имрӯз барои ҷомеа ошно кардани воқеа ва гирудори кормандону мутахассисони Роғун муҳим ва рӯзмарра аст.