Шуморе аз сенаторҳои амрикоӣ дар як нома ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дархост кардаанд, ки сафарҳои хориҷии мақомоти Толибон манъ карда шавад. Онҳо ҳамчунин аз Гутерриш хостаанд, курсии Афғонистон дар Созмони Милалро ба Толибон надиҳад.
Ба гузориши радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз «Омоҷ», ба гуфтаи ин сенаторҳо, озодии сафарҳои СММ барои мақомоти Толибон ба ҳадафи худ нарасидааст ва онҳо аз Шӯрои амнияти ин созмон хостаанд, сафарҳои хориҷии Толибонро қатъ кунад.
Дар ин нома Толибон ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи занон муттаҳам шудаанд. Дар нома таъкид мешавад, ки Толибон бояд бо паёмадҳои амалиёти саркӯбгаронаашон рӯбарӯ шаванд.
Сенаторҳои амрикоӣ ҳамчунин аз дабири кулли СММ даъват кардаанд, ки ба даъвати эътилофи бузурги занони раҳбарони афғон барои афзоиши фишор болои Толибон барои нақзи ҳуқуқи онҳо вокуниш нишон диҳад.
Ин сенаторҳо афзудаанд, дар ҳоле ки занони афғон ба далели маҳдудиятҳои ҷорӣкардаи Толибон наметавонанд берун аз хона сафар кунанд, аммо ба раҳбарони Толибон иҷоза дода шудааст, ки бо истифода аз озодии СММ озодона сафар кунанд.
Сенаторҳои амрикоӣ афзудаанд, ки СММ бояд дар эътироф накардани Толибон дар сатҳи байналмилалӣ устувор бошад.
Маҳдудияти сафари раҳбарони Толибон ба хориҷа дар соли 2019 ба далели ширкати онҳо дар нишастҳои сулҳ барои муддате лағв шуда буд ва он бояд 20 июни соли ҷорӣ ба поён мерасид. Созмони Милали Муттаҳид муҳлати озодии муваққатии 13 узви Толибон аз сафарро ҳадди ақал ду моҳи дигар тамдид кард. Аммо авфи муваққатии Саид Аҳмад Шаҳидхел, иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири маориф ва Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, вазири таҳсилоти олӣ, аз сӯи Толибон ба далели маҳдудият дар таҳсили духтарон тамдид нашуд.