Чанд лаҳза қабл Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор дода истодааст ва дар ин росто, Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
“Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад. Мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”,-омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки шаби сешанбе ҳавопаймои ҳукумати ИМА, ки ҳомили раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико Нэнси Пелосӣ буд, ба Тайван омад. Дар ин бора шабакаи телевизиони CTITV дар пахши мустақим гузориш дод.
Бино ба иттилои ин расона, Нэнси Пелосӣ дар раъс бо як ҳайати шашнафараи намояндагони Ҳизби демократи Амрико вориди Тайбэй шуд. Роҳбари маъмурияти Тайван Тсай Инвэн субҳи рӯзи 3 август бо Нэнси Пелосӣ бояд мулоқот мекард ва зимни он ҳамкории Амрикову Тайван, ҳамчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ мешуданд, аммо бино ба нақли расонаҳо бо дахолати ҷониби Чин ин дидор сурат нагирифт. Инчунин, дар робита ба сафари Нэнси Пелосӣ ба Тайван сафири Амрико дар Пекин Николас Бернс ба вазорати корҳои хориҷии Чин даъват шудааст.
«Муовини вазири корҳои хориҷии Чин Се Фэн муваззаф шудааст, ки сафири ИМА дар Чин Бёрнсро фавран ба вазорати корҳои хориҷӣ даъват кунад ва аз номи ҳукумати Чин дар робита ба сафари раиси палатаи ИМА Пелосӣ ба Тайван изҳори эътироз намояд», — омадааст дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Чин.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни як мусоҳибааш гуфта буд, ки сафари Пелосӣ ба Тайван метавонад боиси ба хашм омадани Чин гардад ва таниш бо ИМА-ро афзоиш диҳад. Дирӯз, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Пекин дар сурати сафари эҳтимолии раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван барои ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзии Чин аз чораҳои қатъӣ истифода мебарад.
Сафири Чин дар ИМА Тсин Ган изҳор дошт, ки вокуниши Пекин ба сафари раиси Палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ба Тайван қатъӣ хоҳад буд, зеро ин ба сохибихтиёрии Чин дахл дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Чин дар масъалаи дифои тамомияти арзӣ ва ҳифзи истиқлолияти кишвар ҳама гуна тадбирҳоро меандешад. «Вокуниши мо хеле устувор, қавӣ ва қатъӣ хоҳад буд», — гуфт дипломат. Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки Пелосӣ сиёсатмадори баландпояи ИМА аст, аз ин рӯ, амалҳои ӯ дорои хусусияти сиёсӣ буда, боиси афзоиши ташаннуҷ дар минтақа ва ҳамчунин дар равобити Пекин ва Вашингтон хоҳанд шуд.
Тсин Ганг ёдовар шуд, ки сафари қаблии раиси Конгресси ИМА ба Тайван 25 сол пеш сурат гирифта ва иштибоҳ буд. «Вашингтон аз хатоҳои худ бояд сабақ гирад», — гуфт дар фарҷом сафир.Дар рӯзи парвози ҳавопаймо бо раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико Чин дар гулӯгоҳи Тайван машқҳои ҳарбӣ оғоз кард. Дар робита ба ин киштиҳои ҳавопаймобари Амрико ба қитъаи баҳрии ҷазира равон шуда, 800 километр дуртар аз он бозистоданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико бегоҳии чаҳоршанбе ниҳоят намояндаи ИМА бо раиси ҷумҳур ва намояндагони порлумони Тайван мулоқот кард. Пелосӣ баландпоятарин мансабдори амрикоӣ аст, ки дар 25 соли гузашта ба Тайван сафар мекунад. Вай таъкид кардаст, ки бояд ба озодиҳои Тайван эҳтиром гузошта шавад. Ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки артиши Чин рӯзи сешанбе гуфт, дар вокуниш ба сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван, «бо иқдомҳои низомии ҳадафманд» вокуниш нишон медиҳад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи ҳушдорҳои Пекин ба Вашингтон дар бораи дахолати дар умури Тайван, артиши Чин дар бораи баргузории размоиши низомӣ дар атрофи Тайван тавзеҳот дод. Манобеи расонаӣ давлатӣ дар Чин аз баёнияи артиши ин кишвар дар бораи баргузории размояши низомӣ дар атрофи Тайван хабар доданд.
Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳалии муқими Тайван артиши Чин дар баёниае дар ин бора эълом кард, ки ба манзури «ҳушдори ҷиддӣ» ба Амрико дар бораи таомулот бо Тайван, ахиран як размояши дигари низомӣ дар атрофи Тайван анҷом дода истоданист.
Дар баёнияи артиши Чин омада аст: «ахиран фармондеҳии бахши шарқии артиши озодибахши халқи Чин гаштзаниҳои омодагии размии муштарак ва тамринҳои низомиро дар ҳарими дарёӣ ва ҳавоӣ атрофи ҷазираи Тайван тартиб дод. Ин як ҳушдори ҷиддӣ ба далели фаъолияти ахир байни Иёлоти Муттаҳида ва Тайван аст».
Изҳороти Ҷо Байден ва сафари раиси Ҷиргаи Амрико Пелоси оид ба ҳимояти низомии Амрико аз Тайван дар сурати мувоҷеҳа бо ҳамалоти низомӣ хабарсоз шуда ва вокуниши тунди мақомҳои Чинро дар пай дошта аст. Ванг Венбин гуфт, Чин бо неруи 1.4 миллиард нафарӣ аз манофеъи худ дифоъ хоҳад кард.
Бояд гуфт, Тайван бахши ҷудоинопазир аз қаламрави Чин ва як мавзӯъи комилан дохилӣ аст. Дар мавриди масоиле, ки ба манофеъи асли Чин яъне ҳокимият ва тамомияти арзӣ марбут мешавад, ҷое барои мусолиҳа ё имтиёз вуҷуд надорад.
Пас аз ҷанҷол дар бораи сафари, як мақоми Кохи Сафед дар суҳбат бо ҷаридаи Вашингтон Пост гуфта, ҳеҷ тағйире дар сиёсати Вашингтон дар қиболи Тайван ба вуҷуд наомада аст. Ин мақоми Кохи Сафед гуфт, ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам мақомдорони аршади амрикоӣ бар сиёсати Чини воҳид ва тааҳҳуд дар қиболи сулҳ ва сабот дар саросари тангаи Тайван ва ҳамчунин бар тааҳҳуд тибқи қонун равобити Тайван барои ироаи абзори низомӣ барои дифоъ аз худ, таъкид кардаанд.
Қаблан, Ҷо Байден раиси ҷумҳури Амрико дар Жопуш бо ироаи як баёния гуфта буд, аз озодии Тайван ҷониби Амрико ҳимоят мекунад, аммо каме баъд аз изҳороташ ақибнишинӣ кард ва гуфт тағйире дар сиёсати «ибҳоми роҳбурдии» Амрико дар қиболи Тайван ба вуҷуд наомада ва Вашингтон аз сиёсати «Чини воҳид» ҳимоят мекунад.
Дар ин пасманзар, Ҷон Карбӣ, ҳамоҳангкунандаи робитаҳои стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар вокуниш ба интиқодҳои Чин ба сафари Ненси Пелосӣ гуфт, ки раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико аз ҳаққи худ барои сафар ба Тайван истифода кардааст. Вай сипас таъкид кард, ки сафари хонум Пелоси нақзи сиёсати «Чини ягона»-и Амрико нест.
Ҳукумати Амрико бар асоси сиёсати «Чини ягона» танҳо як кишвар, яъне Чинро ба расмият мешиносад, ки Тайван бахше аз ин кишвари ягон ба шумор меравад. Аммо ҳокимияти Чин бар Тайванро ба расмият намешиносад ва мухолифи ҳар гуна таҳдид алайҳи Тайван аст. Тибқи қонунҳои қабулкардаи Конгресс, ҳукумати Амрико вазифадор аст ҳама имкониятҳои лозим, аз ҷумла аслиҳаро барои дифоъ дар ихтиёри Тайван қарор диҳад.
Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо президенти Тайван гуфтааст, ин кишвар намунае аз «муқовимат» барои ояндаи рӯшан аст. Ӯ бо ишора ба ин набарди кунунӣ дар ҷаҳон байни демократия ва истибдод, бар азми Амрико барои ҳифз ва дифоъ аз демократия дар Тайван, таъкид кардааст. Ӯ ҳамчунин дар мулоқот бо вакилони порлумони Тайван гуфтааст, ки мехоҳад робитаҳои байнипорлумонӣ миёни ИМА ва Тайван тақвият ёбад. Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳамчунин Тайванро «яке аз озодтарин кишварҳои ҷаҳон» хондааст.
Суханронии Пелосӣ дар маҷлисгоҳи порлумон баргузор нашуд, балки ӯ бо намояндагони порлумон аз ҳизбҳои мухталифи Тайванд суҳбат кард. Гуфта мешавад, ба сабаби ин, ки намояндагони порлумони Тайван дар рухсатии тобистона ба сар мебаранд, ҳама намояндагон дар ин мулоқот ҳузур надоштанд.
Боздиди Пелосӣ нахустин сафари раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА аз соли 1997 ба инҷониб гардид. Маъмурияти ИМА, ки онро Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ҳушдор дода буд, ки «ба бозикунанда бо оташ хатари сӯхтан таҳдид мекунад», Пекинро ба пойбандии худ ба сиёсати «Чини ягона» итминон дод, аммо аз ин сафар дурӣ ҷуст ва гуфт, ки раиси Палата тасмимҳоро худаш қабул мекунад.
Мирсаид САТТОРИЁН
муовини сармуҳаррир