Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар доираи бозии навбатии хеш дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён дорад, тими яккачини Суринамро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуданд. Дар ин бора Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мунтахаби мардона бошад ин навбат бо дастаи Андорра нерӯозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:5-0:5 мағлуб шуд. Дар бозии мазкур танҳо Илҳоми Ҷалолиддин (бо мӯҳраҳои сиёҳ) муқобили ҳарифаш Рибера Виганзонес Хосеп Мария мусовӣ намуда, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхуҷаев ва Меҳриддин Шарифов аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Дар давраи баъдӣ дастаи мардонаи кишвари мо ба муқобили Гаити сабқат мекунанд.