Ду обанбори калонтарин дар ИМА, ки миллионҳо сокинони кишварро бо об ва неруи барқ таъмин мекунанд, ояндаи наздик метавонанд камоб шаванд. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба оқибатҳои буҳрони иқлимӣ ва масрафи аз ҳад зиёди об марбут аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбеи 2 август Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ё ЮНЕП хабар додааст.
Сатҳи об дар кӯлҳои Мид дар Невада ва Пауэлл дар Юта ва Аризона ба поинтарин нуқтаи худ дар тӯли таърих паст фаромада, метавонад ба он дараҷае бирасад, ки онро дар Амрико «ҳавзи мурда» меноманд. Ин маънои онро дорад, ки ҷараёни об кори неругоҳи барқиро таъмин намекунад.
Обанбори Мид, бузургтарин обанбори сунъӣ дар Иёлоти Муттаҳида, соли 1930 ҳангоми сохтмони сарбанди Гувер, ки дар дарёи Колорадо тақрибан 50 км ҷанубу шарқи Лас Вегас, дар сарҳади иёлоти Невада ва Аризона ҷойгир аст, ба вуҷуд омадааст. «Мо тӯли бист соли охир дар ғарби Амрико, дар ҳавзаи дарёи Колорадо шароити хушксолиро мушоҳида мекунем, аз ин рӯ ҳатто дар бораи хушксолӣ ҳарф намезанем,- мегӯяд коршиноси экосистемаҳои Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) Муллин Бернард.- Мо онро «аридификатсия» (туршӣ), афзоиши хушкӣ меномем ва онро меъёри нави муқарраршуда мешуморем».
Лейк-Пауэлл дар рӯйхати обанборҳои сунъӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Он ҳангоми сохтмони сарбанди Глен Канйон соли 1960 ба вуҷуд омадааст.
Кӯлҳо на танҳо сокинони Невада, Аризона, Калифорния, Вайоминг, Колорадо ва Ню-Мексикоро бо неруи барқ таъмин мекунанд, балки барои обёрӣ низ истифода мешаванд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати бад шудани вазъ мақомот маҷбур мешаванд дар истифодаи об маҳдудият ҷорӣ кунанд. Аммо ин тадбир низ шояд кофӣ набошад.
«Мутобиқи сатҳи захираҳои об танзими истеъмол дар дурнамои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ниҳоят муҳим аст. Сабаби он тағйирёбии иқлим аст»,- мегӯяд корманди UNEP дар Амрикои Шимолӣ Мария Моргадо.
90 дарсади офатҳои бузургтарини бист соли охир дар натиҷаи обхезӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои марбут ба об рух додаанд. Бо тез-тез рух додани хушксолӣ одамон дар минтақаҳое, ки аз норасоии об азият мекашанд, вобастагии бештар ба манбаъҳои обҳои зеризаминӣ пайдо менамоянд.
Ба ҳолати захираҳои об имрӯз якбора ду омил – афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, ки боиси кам шудани бориш ва баланд шудани ҳарорати ҳаво мегарданд, таъсир мерасонанд. «Дар ду даҳсолаи охир мо афзоиши талабот ба обро дар пасманзари иқлими хушк мушоҳида кардем»,- мегӯяд Бернард. «Ин ҳолати хеле нигаронкунанда аст, махсусан дар атрофи кӯли Мид ва кӯли Лейк-Пауэлл. Сухан дар бораи «тӯфони олӣ» меравад.
Аммо ин на танҳо ба ИМА дахл дорад — ин тамоюл дар Аврупо, Осиё, Африқо ва дигар минтақаҳои сайёра низ мушоҳида карда мешавад: хушксолӣ ва биёбоншавӣ торафт бештар ба амал меоянд. Тибқи гузориши Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, аз соли 1970 инҷониб оқибатҳои офатҳои иқлимиро ҳамасола дар сайёра 55 миллион нафар эҳсос мекунанд ва ҳамасола 2,3 миллиард нафар бо камбуди об рӯбарӯ мешаванд.
Хушксолӣ низ яке аз омилҳои таназзули замин мебошад. Ҳоло аз 20 то 40 фоизи захираҳои замин хароб шудаанд. То соли 2030 ЮНЕП даҳаи барқарорсозии системаҳои экосистемаро пайгирӣ мекунад. Ҳадафи аслии ин иқдом- боздоштани раванди таназзул дар саросари ҷаҳон ва саҳм гузоштан дар барқарорсозии захираҳои замини осебдида мебошад.