10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.
Корхонаи муосири саноатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026 бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Масоҳати умумии корхонаи муосири саноатӣ 7135 метри мураббаъро ташкил дода, биноҳои истеҳсолии он дар майдони 1850 метри мураббаъ сохта шудаанд.
Самти асосии фаъолияти корхонаи нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот равона гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатӣ ба 200 нафар расонда мешавад.
Корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад. Роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ нахустин дар миқёси ҷумҳурӣ буда, он дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон карда мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз коргоҳҳои корхона ва суҳбат бо кормандону мутахассисон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот замина гузошта, оянда бо ин роҳ метавон иқтидори содиротии Тоҷикистонро боз ҳам боло бардошт.
Дастгоҳҳо ва хатҳои истеҳсолии ҳамаи коргоҳҳои корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Русия ва Чин ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ идора карда мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхона 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қутти кафки сохтмонӣ дар як моҳ буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар марҳилаи аввал асосан барои таъмини бозори дохилӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти корхона дар асоси дастуру маслиҳатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, ки оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти босифати ватаниро зери тамғаи “ТаҷФикс” ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз давлатҳои хориҷ ва қисман аз корхонаҳои ватанӣ дастрас карда шуда, қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи назди корхона, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад, мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор мегирад.
Дар корхона барои кормандон тамоми шароит муҳайё буда, коргоҳ дорои маҷлисгоҳ ва ошхонаи барҳаво мебошад. Ҳамчунин дар назди корхона се гармхона мавҷуд буда, дар онҳо парвариши сабзавот, аз ҷумла бодиринг бо усули муосир ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри он дидан намуданд.