Субҳи имрӯз дар гузаргоҳи Фотеҳободи минтақаи Мастчоҳи вилояти Суғд маросими истиқболи иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ аз вилояти Суғд сурат гирифт. Дар ин бора Сурайёхон Неъматзода, директори МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд”.
Ғолибон ва иштирокдорони олимпиадаро муовини Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфуллохон Раҳматов, роҳбарият ва муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан, омӯзгорон ва волидайни иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ мутантан истиқбол намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир баргузор гардид, 76 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии як гуруҳ омӯзгори фанни забони англисӣ сафарбар гардида буданд.
Дар қатори 30 нафар хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 11 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфуз шоиста муаррифӣ намуданд.
Санаи 5 августи соли 2022, дар Донишгоҳи «Оксфорд»-и шаҳри Лондон маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаи байналмиллалии «Teeneagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Дар натиҷа аз вилояти Суғд 13 нафар хонандагони болаёқат 1 медали тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷиро ба даст оварданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти олимпиада аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛС» (синфҳои 9-12) Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 10 — и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Қаҳрамони олимпиада, соҳиби медали тилло, холи аз ҳама баланд ва Ҷоми Уқоби тиллоии олимпиадаи мазкур гардид. Ҳамин тариқ кишвари Тоҷикистон бо дастоварди беназир ва таърихии Фирӯза Абдуллоева дар категорияи ИГЛС (хонандагони синфҳои 9-12) дар олимпиадаи мазкур мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишвари Камбоҷав мақоми саввумро ишғол намуданд.
Ҳамзамон Ясминахон Аҳророва — хонандаи синфи 9 ва Дилбарҷон Ҷабборова — хонандаи синфи 10 -и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд дар бахшҳои олимпиада ғолиб омада, соҳиби ҷойи 2 -ум ва медали нуқра инчунин Қобилов Исфандиёр, Нарзуллоев Шукрулло, Мирфаёз Беҳрӯз, Искандаров Искандархоҷа, Шодмонов Шерозхуҷа, Баҳромзода Муҳаммадхон, Ҳайдарзода Рамазон, Мирзохоҷаев Бузрукхоҷа соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Олимпидаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам иштирок намуданд.