Бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек” Озмун ва нашри 2-юмин китоби байналмилалии “Омӯзгори беҳтарин – 2022” баргузор шуд, ки дар он сардори Маркази инноватсияи донишгоҳ, ҳамзамон, муаллими калони кафедраи информатикаи факултети механикаю математика Тағоев Шамсулло иштирок намуда, ҳамчун «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои ИДМ интихоб ва бо диплому медал сарфароз гардид. Дар ин бора Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ин озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар: Тағоев Шамсулло аз ДМТ ва Сафарова Саёҳат – муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н.Хусрав интихоб шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Тағоев Шамсулло яке аз омӯзгорони фаъоли донишгоҳ мебошад. Мавсуф яке аз иштирокчиёни фаъоли Мактаби тобистонаи байналмилалӣ, ки санаи 4 то 9 июли соли 2022 дар Федератсияи Россия доир гардид, мебошад ва ӯ аз ҷониби кумитаи тадорукот соҳиби Шаҳодатнома шуд.
Бояд гуфт, ки самти инноватсия яке аз паҳлуҳои муҳимми фаъолияти илми Донишгоҳи миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои охир оид ба ин самт дастовардҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси сардори раёсати инноватсия Машрафзода Ҳ. фаъолияти Маркази инноватсияи донишгоҳ рӯ ба рушд ниҳодааст.