“Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ором дорад. Дар вақти гаштугузор, ҳатто шабона ҳам эҳсоси хатар надоштем. Шаҳрвандонаш низ аз ин бо ифтихор ҳарф мезананд”, — қайд кард зимни суҳбат бо Заринаи Абдулвоҳид, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” сайёҳи эронӣ хонум Маҳбуба.
Сайёҳон Довуд ва Маҳбуба аз омадан ба Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр доштанд, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон сайёҳат намудаанд, вале мисли Тоҷикистон дар ягон давлати дигар худро бехатар эҳсос накарданд. “Мардумонашон, бахусус бонувон озодона кору фаъолиятиашонро пеш мебаранд ва аз гашутгузори шабона дар танҳоӣ ягон эҳсоси хатар надоранд”,-гуфтанд онҳо зимни суҳбат.
Хонум Маҳбуба таассуроташро аз нахустин рӯзҳои дар кишвари мо будан чунин баён дошт: “Вақте ки вориди Тоҷикистон шудам, ман аввал ба фарҳанги миллии ин кишвар, баъдан ба забони онҳо арҷ гузоштам. Мардуми инҷо хеле меҳрубон ва дорои маданияти баланд ҳастанд. Онҳо хоксоранд, таббиӣ ва ба як маъно анъанавиянд. Бори аввал дар Тоҷикистон ҳастам ва аз ин хеле хушҳолам”,- гуфт Маҳбуба.
Ба гуфти Маҳбуба, онҳо зимни сафар дар Тоҷикистон нахуст аз шаҳри Душанбе дидан намуданд. “Душанбе ба мо хеле писанд омад, ҳавои соф, фазои хеле нарм дорад, шаҳр тоза аст, роҳҳо ва ҳама кӯчаҳо дар ин ҷо мунтазам озода мебошанд. Дар муҳити тозаю солим зиндагӣ кардан роҳатбахш аст. Тоҷикистон бо сохтмонҳо ва биноҳои зебои баландошёнааш монанд ба Дубай шудааст”, — хулоса кард ӯ.
Сайёҳони қаҳрамони мо дар баробари шаҳри Душанбе боз аз дигар минтақаҳои кишвари мо низ дидан карда, мафтуни манзараҳои зебову ҷолиби он шудаанд. “Сайру саёҳат дар кӯҳҳои Тоҷикистон чизест, ки барои як умр дар хотир боқӣ мемонад. Ин гӯшаест, ки то ҳол раванди бади ҷаҳонишавӣ ба он таъсир накардааст ва дар ҳама нуктаҳояш зиндагӣ бо ҳама рангҳои Шарқи суннатӣ дида мешавад. Ин ҷо маҳз ҳамон фарҳангеро ёфтам, ки солҳо боз меҷустам, зеро он барои ҳар сайёҳ ҷолиби диққат аст”,-гуфт рафиқи ӯ Довуд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар кишвар босуръат рушд ёфта, ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад.
Заррина АБДУЛВОҲИДОВА,
Радиои “Овози тоҷик”