
Дар шаш моҳ гардиши сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд 363089 ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 баробар зиёд мебошад. Ин нуктаро Тоҷиддин Ҷуразода, Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Ба зикри номбурда, зиёда аз 95 дарсади сайёҳоне, ки дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар дидан намуданд, шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Тоҷиддин Ҷуразода, дар давраи ҳисоботӣ дар Тоҷикистон 240 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 19 ширкат зиёд мебошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 12 мамлакат, аз қабили Аморати Мутаҳиддаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Россия, Швейтсария, Фаронса, Туркманистон, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Фуруҳари Тоҳирӣ
Радиои «Овози тоҷик»