Вақте ки ба Тоҷикистон ба сайёҳӣ рафтам, эҳсоси ифтихори аҷибе доштам, зеро он ҷо ягона ҷоест, ки кас худро эронӣ ҳис мекунад; ҳатто бештар аз худи Эрон!
Ин эҳсос аз лаҳзаи расидан ба фурудгоҳи Душанбе оғоз мешавад, ки дар он байти Ҳофиз навишта шудааст:
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд ой, ки хона-хонаи туст.
Забони зебои форсӣ бо талаффузи кӯҳани Хуросонӣ бо он калимаҳои қадимаи фаромушшудаи дарию паҳлавии андешаро ба даврони дури «Сомониён» бармегардонад.
Вақте ки вориди шаҳр мешавӣ, ҳама хиёбонҳо ва кӯчаҳо бо номи Эрони бостонӣ номгузорӣ шудаанд ва муҷассамаҳои “Хайём”-у “Писари Сино” ва “Рӯдакӣ”-ву “Фирдавсӣ” дар ҳама ҷо дида мешаванд.
Асъори онҳо «Сомонӣ» аст, ки нохудогоҳ шукӯҳи Шоҳномаро дар дил зоҳир мекунад. Номҳои занони гесуфурўҳиштаи онон, бо он либосҳои шодобу рангорангпӯшидани онҳо инҳоянд: Дилрабо, Дилкаш, Дилбар, Фарангис, Мушкафшон, Сиёҳгесў. Номи мардони онҳо: Сиёвуш, Эраҷ, Фаридун, Фарҳод.
Тамоми шаҳр бо шеваи Эрони бостонӣ, саршор аз ситоиш ва сурудхонӣ, ромишагарию хунёгарӣ аст ва дувоздаҳ моҳи сол дар тақвими онҳо пур аз нишот! Пеш аз Наврӯз ҳама мардум дар суруду рақсу бозӣ мекунанд. Дар рӯзи аввали Наврӯз дар як макони бузурге бо номи «Наврӯзгоҳ», ки бо сабкит «Тахти Ҷамшед» оро дода шудааст, ҷамъ меоянд ва ҳазорон нафар дастафшону пойфишон онро ҷашн мегиранд.
Ҷойҳои ҷуғрофии кишварашон барои аҳли адаб ва таърих номҳои рӯъёӣ доранд: Ҷайҳун, Бадахшон, Хуҷанд ва ғайра, ҳатто ҷойҳое, ки ба Тоҷикистон дохил нестанд, аммо вақте дар он фазо ҳастӣ, номашон ба ёд меояд: Хоразм, Бухоро , Самарқанд.
Фосилаи даҳсоатаи Душанбе то наздиктарин соҳили Фарорӯдонро бо шавқи кўдакона тай мекунам ва дар зеҳнам гузари Кайхусрав аз Ҷайҳун ва тири Ораш ва таслим шудани Сиёвуш, ки мегуфт: «Яке кишваре ҷўям андар ҷаҳон, ки номам зи Ковус монад ниҳон».
Ибтидо афсӯс мехурдам, ки чаро ин пора аз баданаи Эрон ҷудо шуда, вале баъд андешидам, ки ҳамон беҳтар, ки аз он ҷудост, то ҳадди ақал бар рўи ин кураи хокӣ, ки замоне чилучор сарзаминаш зери пои шоҳигарии Дориюш буд, замини хурде боқӣ монда бошад, ки рангу рўи эронӣ ба худ гирифта бошад ва бўи эрон бидиҳад.