
Давоми шаш моҳи аввали соли равон 12676 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аз шаҳру деҳоти Исфара дидан намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра сайёҳон асосан ба маконҳои таърихию фарҳангии «Ҳазрати Шоҳ», «Лангари моҳиён», «Қалъаи сурх», «Шимурғонбобо», мадрасаи Абдуллохон, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаҳои ба номи А. Атобоев, ба номи Лутфулло Бузургзода, боғи истироҳатию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва маркази истироҳатии «Ҷаҳони нав» ташриф оварданд.
Инчунин, сафи бештари меҳмононро, ки ҳамчун сайёҳи табобатӣ, ки ба Осоишгоҳи «Зумрад» ташриф оварданд, ташкил дод.
Иттилоъ дода шуд, ки таваҷҷуҳи сайёҳон асосан ба сайёҳии солимгардонӣ, табобатӣ, пиёдагардӣ, агросайёҳӣ, саноатӣ, велотуризм ва мототуризм нигаронида шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.