«Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик» — таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ ёфт.
Тавре хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Моҳираи Иброҳим хабар дод, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ – Аҳлиддин Ибодуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 80 адад асарҳои Камолзода О., Ҳоҷиева С. Камолова Б., Ҷалолова П., Раҳимов Ш., Ятимов Д., Акобирова С., Палтангова Н., Садуллоева М., Фарзонаи Ю. ва Садуллоева А. ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи намоиш- шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ин навъи санъати тасвирии миллати тоҷик ва дар ин замина ба шуғли миниатюраи бадеӣ ҷалб намудани ҷавонон мебошад.
Намоишгоҳи «Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик» то 25 август идома мекунад.