Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси ҶСП “Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон” Ровшан Мамедов баргузор шуд. Хабар медиҳад радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо масъалаҳои ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ё курсҳои такмили ихтисос барои омода намудани барномаҳои сиёсиву-фарҳангӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.