Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки Исломии Рушд Данияр Абилхан ва Данияр Акбасов масъалаҳои мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ»-ро баррась намуд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки «яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи сокинони ноҳияи Панҷ- ин норасоии оби полезӣ ва қисман нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, барқарор кардани инфрасохтори ирригатсионии ин заминҳо барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кор, бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, даромади буҷет ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии 124 ҳазор нафар сокинони ноҳия мусоидат мекунад».
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд.
То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн доллар амалӣ мегарданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Завқӣ Завқизода аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд изҳори минатдорӣ намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун баён дошт.