Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон 13-умин Фестивал-озмуни байналмилалии сиркӣ таҳти унвони “Садои Осиё” баргузор гардид.
Тибқи гузориши радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фестивал-озмун директори Сирки давлатии Тоҷикистон Раҳматуллозода Бахтиёр Раҳматулло ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат намуд.
Ба ҳайси иштирокчӣ ҳунарманди бомаҳорати Сирк Собирзода Мастона дар намуди авлон баромад намуда, сазовори ҷои сеюми Фестивал-озмун гардид.