15 август муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора Манзура Рустамова, муовни раиси Палати савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Нилуфари Нуриддин хабар дод.
Зимни мулоқот Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес–форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ маълумот дода, аз сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, мусоидат намояд.
Сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон баргузории чорабиниҳои зикргардидаро дар рушди бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз дошт, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Манзура Рустамова ҷиҳати ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.