Имрӯз дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест 2022» баргузор гардид. Дар ин бора Латофат Азизбекова, сардори Идораи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ дар суҳбат бо мухбири минтақавии Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Дар форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Маросими расмии Форум бо сухани ифтитоҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир оғоз гардид.
Зимни баромади худ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ диққати ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва дарёфти механизми пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози ақида намуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ навори видеоии имкониятҳои сармоягузории вилоят ба намоиш гузошта шуд.
Сипас, чорабинӣ дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои » Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ», «Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар ВМКБ бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026″, » Солҳои рушди саноат» ва » Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа» идома намуд.
Дар рафти форуми мазкур ва доираи мулоқоти В2В ( соҳибкорон бо соҳибкорон) имкониятҳои ба роҳ мондаи ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар назар аст, ки аз натиҷаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон беш аз 30 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, истихроҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT- паркҳо ва дигар санадҳои ояндадор ба маблағи 1 млрд сомонӣ ба имзо расанд.