Рӯзи 28 июли соли 2026 маросими расмии роҳандозии “Apple Pay” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар ШМА тариқи маҷозӣ иштирок намуд. Инчунин дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, ширкати “Apple Inc.”, бахши бонкӣ, низомҳои байналмилалии пардохт, ширкатҳои технологӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Роҳандозии Apple Pay марҳалаи муҳим дар рушди иқтисоди рақамӣ, инфрасохтори муосири пардохтӣ ва ҳамгироии байналмилалии технологии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Нахустин бонкҳои шарики Apple Pay дар кишвар Alif Bank ва Humo Bank гардиданд. Муштариёни ин бонкҳо имконият пайдо намуданд, ки кортҳои бонкии дастгиришавандаро ба Apple Wallet илова намуда, тавассути дастгоҳҳои мувофиқи Apple пардохтҳои ғайритамосӣ анҷом диҳанд.
Apple Pay ба истифодабарандагон усули қулай, босуръат ва бехатари пардохтро дар нуқтаҳои савдо, барномаҳои мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ фароҳам меорад. Барои тасдиқи амалиёт Face ID, Touch ID ё рамзи махфии дастгоҳ истифода мешавад, ки ҳифзи иловагии маълумоти пардохтиро таъмин менамояд.
Роҳандозии хизматрасонии байналмилалии пардохтӣ омодагии инфрасохтори молиявӣ ва технологии Тоҷикистонро барои ҷорӣ намудани қарорҳои муосири рақамӣ тасдиқ менамояд. Имконияти нав ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, технологияҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариён мусоидат хоҳад кард.
Баргузории маросими расмии роҳандозии Apple Pay натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар самти трансформатсияи рақамӣ буда, қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба экосистемаи ҷаҳонии рақамӣ ба ҳисоб меравад.



